Ниме аз мусофирони автобус дар пайи бархӯрд бо "КамАЗ" ҷон бохтанд

Обуна шудан
Автобус бо 28 мусофир дар ҳудуди ноҳияи Заински Тотористон ба "КамАЗ" бархӯрда, ҷони 14 касро гирифтааст

Садамаи нақлиётӣ дирӯз, 2 июл дар ҳудуди ноҳияи Заински Тотористон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин садама ҷони нисфи мусофирони автобусро гирифтааст. Ду нафар аз онҳо кӯдакон, якеашон яксолаву дигаре 14-сол доштааст.

Ронандаи автобус бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ бистарӣ гаштааст.

Дар ин садамаи нақлиётӣ 14 кас ҷон додааст.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса алҳол бурда намешавад.

Лентаи хабарҳо
0