05:30 25 июли 2017
Пахши мустақим
Видео

Ифтитоҳи муҷассамаи қурбониёни табадуллоти ноком дар Туркия

Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Дар Туркия барои қрбониёни табадуллоти давлатии ноком муҷассама гузошта шуд

Ба муносибати як солагии табадуллоти нокоми давлатӣ дар рӯ ба рӯи қасри президентӣ муҷассаи қурбониёни табадуллот гузошта шуд. 

Ин муҷассама аз ҷониби раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ифтитоҳ гардид.

Дар ин муҷассама қурбониёни табадуллоти давлатӣ таҷассум гардидаанд.

"Ин муҷассама барои насли ояндаи мо хотирае аз қаҳрамононамон хоҳад буд. Онҳо дар дасташон ғайри имон чизе надоштанд, вале тавонистанд танкҳо ва ҳавопайморо манъ кунанд. Мо қурбониёнамонро ба хок супоридем, вале онҳо ҳамеша дар қалбамон зинда хоҳанд монд. Ташкилкунандагони табадуллот бошанд, дар зиндонҳо ҳар рӯз ҳалок хоҳанд шуд", — гуфт кишвардори Туркия.

Барчаспҳо:
ёдгорӣ, муҷассама, Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ