06:18 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Ҳабиб Нурмуҳаммадов яке аз ҳаводоронашро мушт зад

Гирифтани линки кӯтоҳ
49210
© Фото: Youtube / МайФоня

Дар Youtube наворе мунташир шудааст, ки дар он Ҳабиб Нурмуҳаммадов яке аз ҳаводоронашро бо дархости худи ӯ мушт мезанад

Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо ҳаводоронаш дар Тоҷикистон дидор дошт. Дар ин дидор яке аз ҳаводоронаш аз муштзан дархост кард ӯро муште бизанад то зӯри бозуяшро бисанҷад.

Нурмуҳаммадов дархостро пазируфт ва эҳтиёткорона муште ба шиками ҳаводораш зад. Ин ҳаракат чунон шитобнок буд, на дархосткунанда ва на дигар ҳаводорон ки гирдашро гирифта буданд, натавонистанд зуд вокуниш кунанд.

Нурмуҳаммадов зуд аз ҳаводораш пӯзиш хост ва ӯ низ аз варзишкор сипосгузорӣ кард.

 

Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори шикастнахӯрдаи русӣ аст, ки дар мусобиқаҳои UFC зӯрозмоӣ мекунад. Вай дар 30-умин рада аз феҳристи беҳтарин размикорони UFC қарор дорад.

Ҳабиб барандаи Ҷоми Уросиё ва қаҳрамони муштзании Уросиё, қаҳрамони Русия, ду бор қаҳрамони самбои ҷаҳон, қаҳрамони панкратиони Урупо ва қаҳрамони мусобиқоти NAGA Grappling аст.

Барчаспҳо:
муштзании мухлис, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ