Хуш омадед! Пешвоз аз омӯзгорони рус дар фурудгоҳи Душанбе

Обуна шудан
Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгор фиристод. Онҳоро дирӯз дар фурудгоҳи Душанбе масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд

Аз 30 омӯзгоре, ки ба Тоҷикистон рафтаанд, 19 касашон дар мактабҳои Суғду Хатлон дарс хоҳанд гуфт ва 11 муаллими дигар донишомӯзони пойтахтро таълим хоҳанд дод

"Россотрудничества" ҳамчунин 60 ҳазор китоби дарсиро барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон фиристода аст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар остонаи Рӯзи дониш, Русия ба Тоҷикистон 20 тон китобҳои русӣ ва ҳафт омӯзгорони фаннҳои мухталифро барои дарсдиҳӣ дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон доғистониро мефиристад.

Виктор Буянов раҳбари барномаҳои "Ҷаҳони русӣ" гуфт, ки омӯзгорни русро бо ибтикори раисҷумҳури Тоҷикистон мефирисатнд.

"Раисҷумҳур милюн бор аз Русия чунин дархостро карда буд. Ӯ борҳо хоҳиш карда буд, ки аз Русия ба Тоҷикистон омӯзгорон ва китобҳо фиристода шаванд. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора ҳангоми сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон гирифта шуда буд. То ҷое, ки хабар дорам, нахуст суҳбат аз сад мутахассис шуда буд. Аммо феълан 34 омӯзгор равон карда мешаванд. Ва ин тарҳ феълан озмоишӣ аст", — тавзеҳ дод раҳбари барномаҳои "Ҷаҳони русӣ" Виктор Буянов ба Sputnik Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0