18:28 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Дар хонаҳоямон тирборонамон карданд: мусулмонон Миёнморро тарк мекунанд

Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Наздики 123 ҳазору 600 кас аз мардуми руҳинҷо пас аз ҳамлаҳои теруристҳо аз Миёнмор ба Бангладеш паноҳ бурдаанд. Ҳамарӯза ҳазорон кас хонаҳояшонро тарк мекунанд

Вазъ дар иёлати Рохин дар ҷанубу ғарби Миёнмор аз 25-уми август бад-ин сӯ бисёр бад шудааст. Мардуми роҳинҷо дар паи ҳамлаҳои ҷангиён аз ин минтақа ба  Банглодеш фирор мекунад.

Яке аз паноҳҷӯён дар навор мегӯяд, ҷангиён ба хонаҳояшон даромада ба онҳо оташ кушодаанд.

Индонезия гуфтааст, омодааст дар ин қазия ба Банглодеш, ки бештарин паноҳҷӯёнро пазируфтааст, кумак расонад.

Руҳинҷо мардуме мусулмон ҳастанд, ки дар иёлати Рохин дар Миёнмор зиндагӣ мекунад. Руҳинҷо худро мардуми бумии иёлати Рохин мешуморанд, вале гурӯҳҳое аз миёнмориён онҳоро мардуме омада аз Банглодеш медонанд ва аз кишварашон меронанд.

 

Барчаспҳо:
ҳамла, гуреза, мусулмонон, Миёнмор, Дар ҷаҳон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ