20:10 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Андӣ: Дар Тоҷикистон ҳатто президент мусиқиро ташвиқ мекунад

Гирифтани линки кӯтоҳ
59710
© Sputnik Стас Этвеш

Андӣ мегӯяд, байни тамоми кишварҳое, ки сафар доштааст, Тоҷикистон – кишварест, ки мардумаш ошиқи мусиқианд ва ҳатто раисҷумҳури кишвар мусиқиро ба мардум ташвиқ мекунад

Андӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ кард. Овозхони ҷаҳонӣ фурсате ёфт то ба Sputnik Тоҷикистон хотираҳояшро аз ин кишвар нақл кунад.

Андӣ мегӯяд, байни тамоми кишварҳое, ки сафар доштааст, Тоҷикистон — кишварест, ки мардумаш ошиқи мусиқианд, ҳатто раисҷумҳури кишвар мусиқиро ба мардум ташвиқ мекунад.

"Муҳимтарин чизе, ки метавонам бигӯям, байни тамоми кишварҳое, ки ман мусофират меравам, дар  Тоҷикистон мардум ошиқи мусиқӣ ҳастанд, ҳатто президент ташвиқ мекунад, ки мардуми рӯзи мусиқӣ дошта бошанд ва ман ҳамеша дар баромадҳоям дар дар Лос-Аҷелос аз мардуми Тоҷикистон ва ишқи эшон ба мусиқӣ сӯҳбат мекунам",- гуфт Андӣ.

Ҳамчунин ин ҳунарманди дӯстдошта мардуми кишварро бо ҷашни истиқлол муборакбод гуфт.

"Муҳимтарин чиз дар дунё-  ишқ ва мусиқӣ аст, агар кишваре, ки озод бошад ва мардумаш озодона муситқӣ гӯш кунанд, ин бузургтарин истиқлол аст",- афзуд вай.

Ёдовар мешавем, Адни, ки зодаи Эрон аст, 37 сол рӯйи ватананшро надидааст ва то ҳол умедвор мемонад, ки рӯзе ҳукумати ин кишвар мусиқии вайро мепазирад.

Тоҷикистон 9-уми сентябр 26-солаги ҷашни истиқлолашро пешвоз хоҳад гирифт.

Барчаспҳо:
раисҷумҳур, Андӣ Мададиён, Тоҷикистон, Маскав, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ