Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам

Обуна шудан
Оишаи 16-сола бо падару модараш дар Мавсил зиндагӣ мекард, вале сипас бо шавҳараш ба шаҳри Талл-Афъар меравад ва иртибот бо хонаводаашро гум мекунад

Ба гузориши шабакаи телевизюнии RT, дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.

Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам  дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст.

Лентаи хабарҳо
0