Вохӯрии тасодуфии Қодиров бо зане ҳангоми зиёрати оромгоҳи Имом Бухорӣ (ВИДЕО)

Обуна шудан
Рамазон Қодиров ҳангоми сафар ба Узбакистон оромгоҳи Имом Бухорӣ ва шайх Баҳоваддини Нақшабандро зиёрат кард. Сипас зане ба наздаш омад ва ӯро дар оғӯш кашид, ки худи Қодиров мегӯяд барояш хело тасодуфӣ буд

Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба як сокини Бухоро Буку Умаева ваъда додааст, ки соли оянда ӯро ба Грозний мебарад.

Ёдовар мешавем, Рамазон Қодиров дар доираи сафараш ба Узбакистон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро дидор кард.

"Тасодуфан дар Бухоро ба назди ман зане омад. Вай Буку Умаева ном доштааст ва аз солҳои 50-ум инҷониб дар Бухоро зиндагӣ мекардааст. Ӯро аз Чеченистон дар даврони генотсид рондаанд. Ба назди ман омаду маро ба оғӯш гирифт.  Ман худ интизор набудам. Муносибати хуби калонсолон бароям хело хуш меояд. Буку Умаева фаҳмидааст, ки ман ба Бухоро меоям ва махсус барои дидани ман омадааст",- навиштааст Қодиров дар саҳифаи худ Телеграм.

Ба гуфтаи Қодиров зан гуфтвааст, ки мехоҳад бо роҳбари Чеченистон соли оянда низ во хӯрад. Қодиров ваъда додааст, ки соли оянда занро бо Чеченистон мебарад.

Лентаи хабарҳо
0