Ксения Собчакро дар Петербург таҳқир карданд

Обуна шудан
Муҷрии барномаҳои телевизионӣ Ксения Собчакро, ки чанде пеш дар бораи пешбарии худ ба симати раисҷумҳури Русия эълом дошт, дар Петербург ҳангоми суханрониаш, таҳқир карданд

Дар тазоҳурот ҳангоми суханронии Собчак мардум беист ба ҷониби ӯ луқмапартоӣ мекарду "Шарманда!"-гӯён ӯро таҳқир менамуданд.

Вале Собчак ба  ин нигоҳ накарда суханрониашро идома медод.

Ӯ дар ин тазоҳурот бар зидди бастани яке аз донишгоҳҳои Урупо дар Санк-Петербург баромад кард.

Ксения Собчак рӯзи шанбе шабакаи пешазинтихоботиеро таҳти унвони "Ман зид ҳастам" (Я против!), ифтитоҳ кард.

"Маҳз аз ҳамин рӯз ва аз ҳамин ҷой дар Youtube, Facebook, ВКонтакте ва дигар майдонҳои иҷтимоӣ шабкаи "Я против" ба фаъолияти худ оғоз мекунад. Дар ин шабака чиро нишон хоҳанд дод? Албатта ғайр аз Ксения Собчак! Ҳоло ман ба шумо нақл мекунам. Нахуст ин ки ҳар рӯз дар ин шабака рӯзномаҳои пешазинтихоботӣ ба намоиш гузошта мешавнд. Онҳо на барномаҳои омодашуда, балки филмҳои воқеъии ҳуҷҷатие ки аз ҷониби филмсозони машҳур-Александр Расторгуев ва Беата Бубенец омода мешаванд",-хабар дод Ксения Собчак.

Лентаи хабарҳо
0