Кӯдаке бо дили берун аз қафаси сина зода шуд: ӯро 50 пизишк ҷарроҳӣ карданд

Обуна шудан
Ин нахустин кӯдаке дар Бритониёи Кабир аст, ки бо бемории эктопияи дил зинда монд

Дар Бритониё духтарчае бо бемории эктопияи қалб, яъне бо дили берун аз қафаси сина, ба дунё омад, хабар медиҳад нашриёти The Guardian.

Ин кӯдак дар шаҳри Булуэлл ба дунё омад. Бемории кӯдакро пизишкон дар замони обистании модараш пешгӯӣ карда гуфтанд, ки 90 дарсади кӯдакон бо чунин беморӣ ё пеш аз таваллуд мемиранд ё ҳангоми таваллуд шудан ҷон медиҳанд.

Аз ин рӯ пизишкон ба модару падари ин духтарча пешниҳод карда буданд, исқоти ҳамл кунанд, вале онҳо розӣ нашудаанд.

Барои наҷоти кӯдак 50 ҷарроҳ ҷалб шуд. Ҷарроҳон се ҷарроҳӣ гузаронида қалби кӯдакро ба қафаси сина дароварданд.

Ба гуфти коршиносон ин нахустин кӯдакест, ки бо чунин беморӣ пас аз ҷарроҳӣ зинда мондааст.

Лентаи хабарҳо
0