Русия ба Тоҷикистон ҷангафзор дод (НАВОР)

Обуна шудан
Русия ба Тоҷикистон танкҳои Т-72Б1, БТР-80, БТР-70, БМП-2, чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, инчунин силоҳу дигар навъи техникаи низомӣ дод

Маросими супоридани ҷангафзорҳои ҳарбии Русия ба ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи сешанбе баргузор шуд.

"Ин ҷангафзорҳо ба хотири он супорида мешаванд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имконияти бештари таҳкими марз бо Афғонистонро дошта бошад", гуфт дар маросими супоридани ҷангафзорҳо раҳбари Раёсати ҳамкориҳои байнулмиллалии ҳарбии Вазорати дифоъи Русия Александр Кшимовский.

Гуфта мешавад, ки Русия ба Тоҷикистон танкҳои Т-72Б1, БТР-80, БТР-70, БМП-2, чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, инчунин силоҳу дигар навъи техникаи низомӣ дод.

Ба гуфти Александр Кшимовский дар умум дар соли 2017 ба Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи 122 миллион доллар ҷангафзорҳо дода шудааст.
"Таҳкими Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки муносиботи кишварҳои мо ба ҳисоб меравад", — гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуда, ки Тоҷикистон ҳамеша метавонад ба дастгирии Русия дар соҳаи амният такя занад.
"Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои мо бояд ба ҳама гуна таҳдидҳо омода бошанд", — гуфт Кшимовский.
Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Русия омода аст аз Афғонистон дар муборизааш бо таҳдидҳои теруристӣ пуштибонӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0