Турчинов ба курсии раёсати Шӯрои амнияти Украина такя зад

© Sputnik / Евгений Котенко / Гузариш ба медиабонкАлександр Турчинов. Акс аз бойгонӣ
Александр Турчинов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ раиси парлумони Украина (Радаи боло) Александр Турчинов ба вазифаи котиби Шӯрои амният ва мудофиаи ин кишвар таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Рӯзи сешанбе Пётр Порошенко, президенти Украина Александ Турчинов, раиси пешини Радаи болои ин кишварро ба мансаби котиби Шӯрои амният ва мудофиаи Украина таъин кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Турчинов Александр Валентинович ба мансаби котиби Шӯрои амнияту дифоъи Украина таъин карда шавад",-омадааст дар фармони Порошенко.

Андрей Парубий, собиқ котиби ШАД (Шӯрои амният ва мудофиа)-и Украина чанде қабл ноиб-раиси Радаи боло интихоб гардида буд. Ӯ дар ин симмат аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи август ифои вазифа дошт.  

Лентаи хабарҳо
0