Эрон мегӯяд, омодааст бо ҳар кишваре визаро лағв кунад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Тегеран
Города мира. Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин намояндаи вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, дар ин кор авлавият ба кишварҳои ҳамсояи Эрон дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи Эрон Ҳасан Қашқовӣ мегӯяд, кишвараш омодааст то ба ҳар кишваре визаро бекор кунад, хабар медиҳад Дойчи Велле.

Ин намояндаи вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, дар ин кор авлавият ба кишварҳои ҳамсояи Эрон дода мешавад.

Дар соли 2010 ҳамчунин пешниҳоде аз ҷониби Эрон ба Тоҷикистон ироа шуда буд. Баъдан мақомоти Эрон гуфтанд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди эшонро бе посух гузоштааст.

Феълан, Эрон бо камтар аз 40 кишвари дунё рафту омади бе визо дорад.

Лентаи хабарҳо
0