“Давлати исломӣ” иддаъо дорад, ки ду ҷосуси Русияро ба қатл расонидаст

© AP Photo, FileҶангиёни "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар шабакаҳои интернетӣ навори видеоӣ пахш шудааст, ки дар он нафароне аз номи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ду нафарро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Хадамоти амниятии федеролии Русия қатл кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14-уми янв — Sputnik. Хадамоти амнияти федеролии Русия навори видеоии қатли ду нафар аз сӯйи ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро, ки худро ҷосусони ХАФ Русия муъаррифӣ мекунанд, шарҳ намедиҳад, — навиштааст РИА Новости аз қавли як намояндаи ин ниҳод.

Дар нувбаи худ дар сафорати Русия дар Сурия гуфтанд, ки дар робита ба ин навор шарҳе дода наметавонанд, зеро дар бораи нашри он то ҳол иттилоъ дар даст надоранд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо навиштаанд, ки дар навори видеоӣ сӯҳбат ба забони русӣ сурат гирифта ва ба забонҳои англисӣ ва арабӣ тарҷума мешавад. Яке аз ин мардҳо мегӯяд, ки муваззаф шуда буд дар бораи аъзои рустабори "Давлати исломӣ" иттилоъ ҷамъоварӣ кунад. Марди дигарӣ гуфтааст, ки барои ошкор ва нобуд сохтани раҳбари "Давлати исломӣ" дастур гирифтааст. Навори видеоӣ бо қатли ҳар ду мард, ки ба тахтапушташон тир мезананд, анҷом меёбад.

"Дар навори видеоӣ намоиш дода мешавад, ки ду мард, ки худро Ҷонбулот Мамаев, соли таваллудаш 1976 ва Сергей Ашимов, соли таваллудаш 1984 аст, иқрор мешаванд, ки бо Хадамоти амнияти федероли Русия ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо номи раҳбарони худро эълом карда ва дар бораи вазифаҳои худ дар Ховари Миёна қисса мекунанд", — навиштааст NEWS ru.com.

Навори видеоӣ бо суханронӣ ва ҳушдори ҷосусони оянда нафари силоҳдор анҷом меёбад, ки рӯяш пӯшида нест. Сипас ду марди дастҳояшон баста ва ба зону нишастаро бо тир кӯдаке ба қатл мерасонад, ки ба иттилоъи расонаҳои ғарбӣ қаблан дар наворҳои таблиғотии "Давлати исломӣ" зуҳур карда буд, менависад манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0