01:46 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко

Порошенко ба сарбозони ҷанубу шарқи Украина $60 дар як рӯз ваъда дод

© Sputnik / Евгений Котенко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Низомиёне, ки дар даргириҳо ширкат мекунанд, аз 1 феврал бар изофи ҳуқуқи худ боз ҳудуди 60 доллар дар як рӯз дарёфт мекунанд.

Душанбе, 29 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко изҳор дошт, ки ба низомиёни даргир ба сурати изофӣ 1 ҳазор гривна (беш аз 60 доллар) дар як рӯз пардохт мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Мушовири раиси ҷумҳур Юрий Бирюков рӯзи чаҳоршанбе аз сарпечии оммавӣ аз марҳилаи ҷадиди даъват ба суфуфи артиш, ки 20-уми январ оғоз шуд, қисса кард.

Дар моҳи июни соли 2014 мақомоти украинӣ 9,5 миллиард гривнаи изофӣ (ҳудуди 800 миллион доллар) барои таъмини ҳуқуқи низомиён ва таъминоти моддиву фаннии артиш ихтисос дода буданд.

"Аз 1 феврал сарбози украинӣ, ки дар даргириҳо ширкат мекунад, изофа бар ҳуқуқи моҳонаи худ 1000 гривна дар рӯз дарёфт мекунад", — навиштааст Порошенко дар сафҳаи Instagram.

Қаблан вазорати дифоъи Украина дар сойти худ тарҳи қарореро мунташир карда буд, ки бо дастури Порошенко таҳия шуда афзоиши 2-3 маротибаи ҳуқуқи низомиён дар манотиқи даргириро дар назар дорад. Ҳамчунин таруфаҳои тахриби васоили низоми ҷудоихонҳон таҳия шуда буд.

Скриншот страницы Порошенко в Instagram
Instagram
Скриншот страницы Порошенко в Instagram

Мавзуъ

Расонаҳо: даъвати ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО аз сӯйи Украина
Назарсанҷӣ: 66 % фаронсавиҳо мухолифи кӯмаки молиявӣ ба Украина
Назарсанҷӣ: таҳримҳо ба вазъи Украина таъсири манфӣ доштанд
Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад
Барчаспҳо:
афзоиши ҳуқуқи сарбозон, вазорати дифоъи Украина, Петр Порошенко, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ