Дар озодкунии Освентсим 192 нафар атбоъи тоҷик ширкат кардаанд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонк70 солагии озодкунии ӯрдугоҳи Аушвиц-Биркенау
70 солагии озодкунии ӯрдугоҳи  Аушвиц-Биркенау - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар озод кардани Освентсим намояндаҳои 39 миллати Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла украиниҳо, гурҷиҳо, озарбойҷониҳо, ӯзбекҳо, тоҷикон ва дигарон ширкат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Беш аз 190 сарбози тоҷик дар озодкунии ӯрдугоҳи маҳбусон дар Освентсими Лаҳистон дар моҳи январи соли 1945 мушорикат кардаанд, гуфтааст ба Радиои Озодӣ муъовини раҳбари Бойгонии марказии вазорати дифоъи Русия Наталя Емелянова.

Понздаҳ адад санади махфишуда дар бобати озодии Осветсим аз сӯйи артиши Сурх бори нахуст рӯзи сешанбе аз сӯйи вазорати дифоъи Русия дастраси мардум шуд.

"Дар озодкунии ин ӯрдугоҳ намояндагони 39 миллати Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла украиниҳо, гурҷиҳо, озарбойҷониҳо, ӯзбекҳо, тоҷикон ва дигарон ширкат кардаанд, — гуфт Емелянова. — Миёни онҳо 14 афсар ва 178 сарбози тоҷик, 3 афсар ва 139 сарбози туркман, 74 афсари қазоқ, 8 афсар ва 126 сарбози қирғиз буданд".

Ҳамаи онҳо ба армияи 60-уми ҷабҳаи аввали Украинаи Артиши Сурх шомил буданд.

Ахиран раҳбари ниҳоди умури хориҷии Лаҳистон Гжегож Схетына изҳор дошт, ки Освентсимро украиниҳо озод кардаанд, зеро амалиёт аз сӯйи Ҷабҳаи аввали украинӣ анҷом шуда буд. Ба гуфтаи вазир, он ҷо "сарбозони украинӣ буданд ва дар он рӯзи январӣ онҳо дарвозаи ӯрдугоҳро боз карда онро озод карданд".

Ба вазири лаҳистонӣ нахуствазири Украина Арсений Атсенюк пайваст, ки рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки Освентсимро сарбозон аз Лвов ва Житомир озод кардаанд.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки дар Ғарб мехоҳанд саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ дар озодии Аврупо аз Олмони нозиро нодида гиранд.
Дар ӯрдугоҳи "Аушвиц-Биркенау" дар Освентсим беш аз як миллион маҳбусон ба қатл расонида шуданд, ки бештарашон яҳудитабор буданд.

Рӯзи гиромидошти қурбониёни Холокост, ки аз сӯйи СММ 27 январ эълом шудааст, ба рӯзи озодии ин ӯрдугоҳ марбут аст.

Лентаи хабарҳо
0