01:38 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Алексис Тсипрас. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: Ғарб аз муносиботи Юнон бо Русия нигарон аст

AP Photo/Lefteris Pitarakis
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Аз пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ баъд аз пирӯзии ҳизби СИРИЗА дар Юнон ва таъсиси ҳукумати ҷадиди ин кишвар пайёмҳои нигаронӣ садо доданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. ИА аз иртибототи қавии ҳукумати ҷадиди Юнон бо Москав нигарон аст, хабар медиҳад РИА Новости бо иқтибос аз маводи маҷаллаи Financial Times.

Нигаронии амиқи сиёсатмадорониро равобити амиқи хусусии сиёсатмадороне ба бор овардааст, ки бо Русия иртибот доранд.

"Мо зидди таҳримоте ҳастем, ки алайҳи Русия роҳандозӣ шудаанд. Миёни юнониҳо ва русҳо фарқияте нест", — гуфт вазири ҷадиди энергитикаи Юнон Панагиотис Лафазинис.

Раҳбари тозаинтихоби Юнон муғойири роҳандозии таҳримоти ҷадид алайҳи Русия аст ва дар моҳи майи соли гузашта Украинаро миллатгарои нав ном карда буд.

"Боиси таъассуф аст, ки фашистон ва миллатгароҳо дар Аврупо ба сари қудрат расиданд ва онҳо ҳадаф доранд ба суфуфи ИА бипайванданд", — гуфта буд он замон раҳбари баъдии ҳукумат Алексис Тсипрас.

Бо ин вуҷуд муаллифи матлаб бар ин назар аст, ки юнониҳо вазъи ба вуҷуд омадаро мехоҳанд ба манофеъи худ истифода кунанд.

"Бархе аз сиёсатмадорон ва таҳлилгарон суханронии Тсипрас алайҳи таҳримотро омодагӣ барои ҳазфи қарзҳои байналмиллалии Юнон арзёбӣ мекунанд.

Коршиносони дигар бар ин назаранд, ки ин амр натиҷаи тавзеъи нуфузи Русия дар ҷануби Аврупо аст", — омадааст дар матлаб.
Дар интихоботи ахири Юнон ҳизби чапгарои СИРИЗА пирӯз шуд ва Алексис Тсипрас, раҳбари он нахуствазири ин кишвар шуд.
СИРИЗА тақозо дорад, ки бархе аз қарзҳои Юнон аз ИА ва СБП ҳазф карда шаванд.

Рӯзи сешанбе Шӯрои Аврупо баёнияи раҳбарони кишварҳои узви ИА мунташир кард, ки дар он раҳбарони ВКХ дар дидори рӯзи панҷшанбе посухи муносиб, аз он ҷумла таҳримоти ҷадидро баррасӣ мекунад.

Мақомоти Юнон эълом карданд, ки барои тавзеъи чунин баёния ризоият надодаанд.

Мавзуъ

Пирӯзии СИРИЗА дар интихоботи парлумонии Юнон
Расонаҳо: Юнон метавонад аз Олмон бидеҳиҳоро бозпас бигирад
Барчаспҳо:
ҳукумати ҷадиди Юнон, СИРИЗА, ИА, Алексис Тсипрас, Панагиотис Лафазинис, Русия, Юнон

Мавзӯъҳои асосӣ