01:43 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ

Котиби давлатии ИМА барои тоза накардани барфи ҳавлиаш $50 ҷарима шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Вазири корҳои хориҷии ИМА барои тоза накардани барфи атрофи манзили истиқоматиаш аз ҷониби мақомоти шаҳри Бостон ҷарима шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Бостон котиби давлатии ИМА-ро барои тоза накардани барфи ҳавлиаш $50 ҷарима кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости ба истинод ба оҷонсии Ассошиэйтед пресс.

Тибқи иттилоъ, ҳафтаи равон дар қисмати шарқии ИМА барфи зиёд меборад. Шаҳрдори Бостон Мартин Уолш барои зудтар тоза кардани барф ва кӯмак ба хадамоти коммуналии шаҳр дастур медиҳад, ки сокинон атрофи манзили истиқоматиашонро аз барф тоза кунанд. Дар дастур таъкид мешавад, ки сокиноне, ки барфи атрофи манзилашонро тоза намекунанд, 50 доллар ҷарима карда мешаванд.

Дар шабу рӯзе, ки барфи шадид дар шарқи ИМА борид, Ҷон Керрӣ дар сафари хидматӣ дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, рӯзи чоршанбе ба Вашинтгтон бармегардад. Тибқи ҷадвали кориаш охири ҳафта ба Бостон мерафтааст. Аз ин сабаб натавонистааст, ки барфи атрофи манзилашро тоза кунад.

Дафтари матбуоти вазири корҳои хориҷии ИМА гуфтааст, ки агар ҷаримакоғаз ба дасти Ҷон Керрӣ расад, ҳатман онро пардохт хоҳад кард.

Ҷон Керрӣ бо ҳамсараш дар ҳавлие ба сар мебарад, ки соли 1899 бунёд гардида, 770 метри мураббаъ мебошад. Онро оилаи Керрӣ соли соли 1995 ба маблағи 1,7 миллион доллар харидаанд. Ин манзил дар ҳоли ҳозир беш аз 15 миллион доллар арзиш дорад.

 

Барчаспҳо:
ҷарима, котиби давлатии ИМА, Ҷон Керри, Бостон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ