00:20 18 августи 2017
Пахши мустақим
Пентагон. Акс аз бойгонӣ

Соли 2016 буҷаи Пентагон $534 миллиард хоҳад буд

© Sputnik / фонд РИА Новости
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Тибқи ин санад ҳудуди $153 миллиарди он барои НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ) масраф мешавад. Ба иттилои коршиносон, ин рақам дар қиёс ба як соли қабл 16 миллиард доллар бештар аст.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Буҷаи пойгоҳии вазорати мудофиаи Амрико барои соли 2016 ҳудуди $534 миллиард доллар буда, он барои баррасӣ рӯзи душанбе ба конгресс пешниҳод мегардад, хабар медиҳад РИА Новости.

Тибқи ин санад ҳудуди $153 миллиарди он барои НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ) масраф мешавад. Ба иттилои коршиносон, ин рақам дар қиёс ба як соли қабл 16 миллиард доллар бештар аст.

Ба қавли маъмурияти Кохи сафед, НҲБ (неруҳои ҳарбӣ-баҳрӣ)-и ИМА дар ин сол ба 161 миллиард доллар ниёз доранд ва ин дар муқоиса ба ҳоли ҳозир 12 миллиард доллар бештар аст.

Артиши Амрико (неруҳои хушкигард ва ё ба истилоҳ неруҳои заминии артиш) $126,5 миллиард эҳтиёҷ доранд ва аз соли 2015 бештар аз 7 миллиард доллар фарқ мекунад.

Барои таҳқиқот ва таъминоти мухталиф 177,5 миллиард доллар ҷудо карда мешавад. Соли равон ин рақам ба 20,5 миллиард ва ё баробари 13 % камтар аст.

Гуфта мешавад, буҷаи пойгоҳӣ (аввалия) буҷаи умумии Пентагон нест ва на ҳама паҳлӯҳои махфии онро дар бар мегирад. Қисмати сиррии буҷаи вазорати дифои Амрико нашр намешавад.

Барчаспҳо:
қисмати сиррии буҷаи вазорати мудофиаи ИМА, буҷаи Пентагон, вазорати мудофиаи Амрико, Пентагон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ