00:24 18 августи 2017
Пахши мустақим
Раиси ҷумҳури ИМА. Акс аз бойгонӣ

Ба эътирофи Обама ИМА барои тағйири ҳукумат дар Украина мусоидат кард

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама дар мусоҳиба бо яке аз шабакаҳои телевизионии Амрико изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида ба тағйири ҳукумат дар Украина ноил шудааст. Ҳамчунин вай эълом кард, ки фишорҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ алайҳи Русияро тақвият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Си-эн-эн изҳор дошт, ки Вашингтон барои "ироаи қудрат" дар Украина мусоидат кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Раиси ҷумҳур (ФР Владимир, — шарҳи идора) Путин нисбати Қрим ва Украина тасмимҳояшро на дар чорчӯби сиёсати бузурги худ, балки дар пайи эътирозоти ногаҳонӣ дар Майдон ва фирори Янукович баъд аз он ки мо ба тағйири ҳокимият (дар Украина — шарҳи идора) кӯмак кардем, гирифтааст", — гуфт вай.

Амалҳои раҳбари Русияро Обама "бозӣ" унвон карда, афзуд, ки "ин амр ҳарчӣ амиқтар фурӯ рафта ба нақзи қавоиди байналмиллалӣ мунҷар мешавад".

Равобити Русия бо Ғарб дар пайи вазъият дар Украина бадтар шуданд.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар соли гузашта алайҳи як қатор ниҳодҳои бузурги молиявии Русия, аз ҷумла бонки ВТБ таҳримот роҳандозӣ карда, дастрасии онҳо ба бозорҳои молиявии ғарбиро масудуд карданд.

Дар посух Русия воридоти анвои мухталифи ғизо аз кишварҳое, ки алайҳаш таҳримот роҳандозӣ карданд, маҳдуд кард, ки дар миёни онҳо ИМА, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Канада, Австралия ва Норвегия ҳастанд.

Мавзуъ

Коршиносон: ИМА бояд ба Украина бештар силоҳ ворид кунанд
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Назарсанҷӣ: 66 % фаронсавиҳо мухолифи кӯмаки молиявӣ ба Украина
Барчаспҳо:
мушорикати ИМА дар табадуллоти Украина, шабакаи телевизиюнии Си-эн-эн, Владимир Путин, Барак Обама, Амрико, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ