05:42 21 августи 2017
Пахши мустақим
Котиби якуми Кумитаи марказии партияи меҳнаткашони Корея- Ким Чен Ин. Акс аз бойгонӣ

Ким Чен Ин: мо ба ҳама намуди ҷанг омодаем, ҳатто ба ҷангӣ ҳастаӣ ҳам

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Роҳбари аввали Кумитаи давлатии мудофиа Ким Чен Ин аснои баргузории тамриноти навбатии низомӣ гуфт, дар сар ҳавои гуфтугӯ бо ИМА-ро надорад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Пешвои Корея Ким Чен Ин имкони баргузории ҳар гуна музокирот  бо Амрикоро рад карда, иброз дошт, ки кишвараш ба ҳама гуна намуди ҷанг, ҳатто ҷанги ҳастаӣ омода аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар истинод ба оҷонсии Ренхап.

Ба қавли манбаъ, Ким Чен Ин, роҳбари аввали Кумитаи дифоъи Корея дар тамриноти низомӣ гуфт: "Мо хостори ҳеч гуна музокирот бо сагҳои девона нестем".

"Мо ба ҳар гуна низоъ, ки ба ҷанг мепечад метавонем посух бидиҳем. Ин дигар тавофут надорад, ки он ҷанги оддӣ аст, ё ҳастаӣ",- менависад оҷонсии Ренхап дар такя ба суханони пешвои Кореяи Шимолӣ.

Қаблан президенти ИМА Барак Обама ба америкоиҳо дар бораи сарнагун шудани режим дар Кореяи Шимолӣ иброз дошта буд. Пас аз чанде намояндаи ҶХКД ин ҳарфҳои Обамаро   "ҷарандиёти шахси номуваффақ" эълом кард.   

Мавзуъ

Ҳакерҳои Кореяи Шимолӣ барои Ким Чен Ин интиқом гирифтанд
Барчаспҳо:
Корея омода аст, ҷанги ҳастаӣ, пешвои Кореяи Шимолӣ, Кумитаи давлатии мудофиа, Ким Чен Ин, ҶХДК, Кореяи Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ