00:24 18 августи 2017
Пахши мустақим
Парлумони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

8 вазири ҷадиди ҳукумати Афғонистон қасам ёд карданд

wikimedia.org
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Писари раиси собиқи ҷумҳури Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ – Салоҳиддин Раббонӣ ва боз ҳафт нафар номзади дигар ба вазифаҳои ҳукумат раъйи эътимоди вакилони порлумонро ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳашт нафар вазирони ҷадиди Афғонистон, ки раъйи эътимоди порлумони Афғонистонро ба даст овардаанд, рӯзи якшанбе қасам ёд карда ба фаъолият оғоз карданд, хабар медиҳад Афганистан.Ру.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва нахуствазир Абдулло Абдулло дар ин маросим дар кохи Арг дар Кобул вузарои ҷадидро пазироӣ ва ба онҳо комёбиҳо орзу карданд.

Вазорати корҳои хориҷиро тоҷиктабор, писари раиси собиқи ҷумҳурӣ Бурҳониддин Раббонӣ — Салоҳиддин Рабонӣ, вазорати тандурустиро Фирӯзиддин Фирӯз соҳибӣ карданд. Раҳбарии ВКД ба Нурул Ҳақ Улумӣ, вазорати молия Эқлил Ҳакимӣ, вазорати умури гурезагонро Саид Ҳусейн Олами Балхӣ вогузошта шуд. Ба ҷуз аз инҳо раҳбарии вазорати ҳаҷҷ ва мазҳаб ба Фоиз Муҳаммад Осомонӣ, вазорати маъодин в саноеъ ба Довуд Шоҳ Сабо, вазорати бозсозӣ ва рушди рустоҳо ба Носир Дурронӣ таъаллуқ гирифт.

Бештаре аз 19 курсӣ дар ҳукумати ҷадид озод мондаанд, зеро порлумон то ҳол номзадҳои пешниҳодии раиси ҷумҳур ва нахуствазирро таъйид накардааст.

Феҳрасти номзадҳо 12 январ, баъд аз се моҳи ба сари қудрат расидани Ашраф Ғанӣ, эълом шуда буд. Дар бораи таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ Ғанӣ бо рақиби худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Абдулло Абдулло тавофуқ карда, баъд аз пирӯзӣ дар даври дуввум ба вай вазифаи нахуствазири кишварро пешниҳод кард.

Мавзуъ

Писари собиқ райиси ҷумҳурӣ дар Афғонистон вазири умури хориҷа шуд
Тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати ҷадид 25% курсиҳоро соҳиб шуданд
Барчаспҳо:
ҳукмати ҷадид, қасам ёд кардани вазирон, ҳукумати ҷадиди Афғонистон, Салоҳиддин Рабонӣ, Абдулло Абдулло, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ