10:34 19 январи 2018
Пахши мустақим
Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Эрдуғон: ДИ талош дорад фарҳанги исломиро маҳв созад

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар ҳафтаи гузашта ҷангиёни ДИ бинои китобхонаи марказии Генам-ат-Таан дар шаҳри Мосулро мунфаҷир карда аз китобҳо гулхан афрӯхтанд, ки ин ганҷина мероси фарҳангии Ироқ маҳсуб мешуд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. "Давлати исломӣ" талош дорад, ки мероси таърихӣ ва фарҳанги тамаддуни исломиро маҳв созад, изҳор дошт раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни шарҳи оташсӯзии китобхона дар шаҳри Мосули Ироқ аз сӯйи ҷангиёни ДИ, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ҳафтаи гузашта ҷангиёни ДИ бинои китобхонаи марказии Генам-ат-Таан дар шаҳри Мосулро мунфаҷир сохтанд. Онҳо аз китобҳое, ки мероси фарҳангии Ироқ дониста мешаванд гулхан афрӯхтанд. Ҳазорҳо китоб, ки дар миёни онҳо китобҳои нодир дар бахши фарҳанг, фалсафа, таърих ва садҳо дастхатҳо буданд, нобуд шуданд.

Эрдуғон аъмоли ДИ ҳамтои маҳви китобхона дар Бағдод ба ҳангоми забти ин шаҳр аз сӯйи муғулҳо дар асри ХIII ва оташсӯзии китобхонаи нодир дар Тимбукту дар Малӣ дар моҳи январи соли 2013 аз сӯйи тундгароёни исломӣ донист.

"Ҳоло созмони террористӣ, ки дар Сурия ва Ироқ фаъолият мекунад, аз ҳамин роҳ рафта талош дорад, ки фарҳанг ва решаҳои тамаддуни моро маҳв созад. Мутаассифона, китобхонаи Мосулро, ки дар он ҳудуди 8 ҳазор адад китоби нодир ҳифз мешуданд, аъзои ин созмон оташ заданд", — изҳор дошт Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе дар Истамбул зимни ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳанги қадимӣ.

Мавзуъ

Дар Ӯзбакистон китоби “Фитнаи ДИ” мунташир шуд
ВАО: ба ҳаммуъассиси Twitter барои бастани сафаҳоти ДИ таҳдид мекунанд
Террористҳои “ДИ” 40 нафар суннимазҳабро дар Ироқ қатл карданд
ИФА Русия: дар суфуфи “ДИ” бист ҳазор атбоъи хориҷӣ меҷанганд
Барчаспҳо:
бефарҳангӣ, китобҳоро сӯхтанд дар Мосул, изҳори назар, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Тукия, Истамбул

Мавзӯъҳои асосӣ