00:27 18 августи 2017
Пахши мустақим
Раҳбари собиқи вилояти Денпропетровск Игор Коломойский. Акс аз бойгонӣ

Коломойский аз симмати раҳбари вилояти Днепропетровск истеъфо дод

© Sputnik / Михаил Маркив
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Сарватманди маъруфу баҳсбаренгези украинӣ аз вазифаи давлатии худ баъд аз оғози мухолифатҳо дар мавриди моликияти ширкати маҳаллии нафтӣ, ки ҳаққи соҳибии онро аз даст дода буд, истеъфо дод.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко дархости истеъфои Игор Коломойский аз симмати раҳбари вилояти Днепропетровскро имзо кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба матни фармон, ки дар сомонаи раёсати ҷумҳурӣ мунташир шудааст.

"Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко дархости истеъфои Игор Коломойский аз вазифаи раҳбари вилояти Днепропетровскро имзо кард. Раиси ҷумшур ин фармонро зимни дидор бо вай имзо кард", — омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, Валентин Резниченко иҷрокунандаи муваққати вазифаи раҳбари вилояти Днепропетровск таъйин карда мешавад.

Равобити миёни Коломойский ва мақомоти Украина баъд аз он ки Радаи олӣ 19 март ба қонуни ин кишвар дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ислоҳот ворид кард ва ба ин тартиб вай назорат бар ширкати "Укрнафтро" аз даст дод, муташанниҷ ёфтанд.

Ба ҷуз аз ин, ихтилофот баъд аз ивази раҳбарияти ширкати "Укртранснафта" пайдо шуданд. То ба ин авохир раҳбарии ин ширкатро Александр Лазорко, ки бо Каломойский дӯстӣ дошт, иҷро мекард. Вале рӯзи панҷшанбеи гузашта давлат, ки саҳҳоми танҳои "Укртранснафта" мебошад, Лазоркоро аз симмати раиси мудирияти ин ширкат барканор кард.

Баъд аз ин Коломойский бо ҳамроҳии муҳофизони мусаллаҳ вориди дафтари ширкат шуд, то аз Лазорко пуштибонӣ кунад, вале дар он ҷо бо хабарнигорон муноқиша кард. Ба дунболи ин ҳодиса Порошенко ба Коломойский барои нақзи рафтори муаддабонаи ҳирфаӣ ихтор эълом кард.

Мавзуъ

Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Радаи Украина Януковичро аз унвони президентӣ маҳрум сохт
Барчаспҳо:
ихтор, баҳс бо хабарнигорон, ҷанг дар Украина, истеъфои Коломойский, "Укрнафт", "Укртранснафта", Игор Коломойский, Петр Порошенко, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ