06:28 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Президенти Украина Петра Порошенко. Акс аз бойгонӣ

Порошенко: дар Украина райъпурсӣ доир мегардад

© Sputnik / Евгений Котенко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Президенти Украина дар мавриди баргузории райъпурсӣ иброз дошта гуфт, бовар дорам дар ин маъракаи муҳим беш аз 90% украиниҳо аз “кишвари воҳид” ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Украина кишвари воҳид (ягона) боқӣ мемонад ва дар он забони украинӣ забони давлатӣ хоҳад буд, иброз дошт президенти ҶУ Петр Порошенко дар ҷаласаи нахустини комиссияи Конститутсионӣ, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки дар ин нишаст президенти Украина дар мавриди баргузории райъпурсӣ иброз дошта гуфт, бовар дорам дар ин маъракаи муҳим беш аз 90% украиниҳо аз "кишвари воҳид" ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, изҳороти райисҷумҳурро муовини аввали ҷиноҳи "Русияи воҳид" (Единая Россия) дар Думаи давлатӣ Франс Клинтсевич "қабл аз мӯҳлат" ва нодуруст арзёбӣ карда гуфт, ин тасмими президент барои гӯл задани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.

"Киев мехоҳад ба ин васила назари ҷомеъаи ҷаҳониро тағйир диҳад ва аз пирӯзии комил дар райъпурсӣ оид ба забон пешакӣ ҳисобот бидиҳад. Барои он ки ҳеч кас ҳайратзада нашавад. Ба ҳар сурат, изҳороти Петр Порошенко аз воқеъият дур аст",- гуфт вакили парлумон.

"Маълум аст, ки ӯ аҳолии Донбассро дар назар надорад. Барои вай (манзур Порошенко аст- аз идора) Донбасс Украина нест. Аммо барои чӣ сокинони шаҳрҳои бузург амсоли: Днепропетровск, Запороже, Харков, Херсон, Николаев, Одесса, ки то ҳанӯз байни якдигар танҳо бо забони русӣ муошират мекунанд, дар райъпурсии забон ба ҷонибдории забони украинӣ овоз медодаанд? Онҳо ба ин одат кардаанд, барои онҳо сиёсат кори даҳумдараҷа аст",- илова кард Клинтсевич.

Фармони таъсиси комиссияи Конститутсионӣ аз ҷониби президенти Украина 3 марти соли равон ба имзо расид. Ин комиссия тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиро коркард менамояд.

Мавзуъ

Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Барчаспҳо:
кишвари воҳид, забони украинӣ, райъпурсӣ дар Украина, президенти Украина, комиссияи Конститутсионӣ, Франс Клинтсевич, Петр Порошенко, Николаев, Херсон, Одесса, Харков, Запороже, Днепропетровск, Донбасс, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ