Нерӯҳои Афғонистон назорати яке аз навоҳии Бадахшонро аз сар гирифтанд

© AP / Bashir Khan SafiНерӯҳои артиши миллии Афғонистон ба мавзеъоти толибон зарба мезананд. 3 майи соли 2015
Нерӯҳои артиши миллии Афғонистон ба мавзеъоти толибон зарба мезананд. 3 майи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як амалиёти густурда низомиёни афғон назорати яке аз навоҳии вилояти Бадахшон, ки қаблан ҷангҷӯёни "Толибон” онро дар даст гирифта буданд, бозпас гирифтанду дар пайи ин ҳодиса беш аз сад нафар терррористон кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Нерӯҳои низомии Афғонистон назорати комил бар вилояти Бадахшонро, ки қаламрави яке аз навоҳии он қаблан тасарруф шуда буд, дубора ба даст оварданд. Дар ҷараёни ин амалиёт 120 нафар тундгаро кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Khaama Press.

"Рӯзи якшанбе дар пайи як амалиёти густурда низомиёни афғон тавонистанд назорати комили ноҳияи Юмгонро ба даст оваранд", — гуфт ба расона намояндаи ВКД Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар миёни ҷангҷӯёни кушташуда шаш нафар фармондеҳон буданд ва яке аз онҳо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон шиносоӣ шуд.

"Гурӯҳҳои толибон ҳамлаи ҳамасолаи "тобистона"-ро дар авохири моҳи апрел оғоз карда, дар марҳилаи аввал дастовардҳое низ доштанду дар моҳи нахустин маркази вилояти Қундузро ба иҳота гирифта буданд. Ин нахустин ҳамлаи густурдаи "Толибон" баъд аз ихроҷи низомиёни НАТО аз қаламрави кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0