Пулиси Британия дигар дуздиҳои кӯчакро баррасӣ намекунад

© AP / Paul ThomasАфсарони пулиси Британия. Акс аз бойгонӣ
Афсарони пулиси Британия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти интизомии Британия маҷбур аст муборизаро алайҳи ҷиноёти ангезаи фаҳшдошта, терроризм ва киберҷиноят тақвият бахшад.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Афсарони пулиси Британия ба дуздӣ дар манозили маскунӣ дигар таваҷҷӯҳ зоҳир нахоҳанд кард, ин амрро 25% коҳиш ёфтани буҷа дар чор соли ахир ба вуҷуд овардааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи The Daily Mail.

Бино ба қавли сарвари Шӯрои миллии пулиси Британия Сара Торнтон, ҷиноятҳои муосир дар ин кишвар ҷараёни худро дигар карданд- дуздӣ ва рбуда шудани нақлиёт кам шудааст.

Ӯ гуфт, дар даҳ соли оянда ихтисори оммавии кормандони пулис дар Британия — то 70 ҳазор нафардар назар аст. "Аз ин рӯ мо бояд самти фаъолиятамонро ба тақвияти мубориза алайҳи фаҳшгароӣ, терроризм ва ҷиноёти кибернетикӣ равона намоем",- изҳор дошт Торнтон.

Ба назари ӯ, мақомот тавону қудрати таҳқиқи парвандаҳои кӯчакро, масалан дуздида шудани iPad-ро аз даст хоҳад дод. "Мо пешорӯи интихоб қарор дорем: агар мехоҳем кӯдаконро ҳимоя кунем, пас зарфиятамон барои таҳқиқи ҳодисаи дуздӣ ва қулфшиканӣ намерасад. Мо имрӯз наметавонем ба ҷои ҳодиса барои боздошти ҷинояткор  фавран ҳозир шавем. Пас бояд донем, ки ба чӣ авлавият медиҳем ".

Лентаи хабарҳо
0