10:34 19 январи 2018
Пахши мустақим
Табибон. Акс аз бойгонӣ

СҶБ: ҳалокати кӯдаки 5-сола бар асари вабо дар Сурия

© Sputnik / Александр Кондратюк
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Тибқи иттилои муқаддамотӣ, як кӯдаки 5-сола дар шаҳри Ҳалби Сурия бар асари вабо ҷон додааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Санҷишҳои аввалия нахустин ҳолати марги инсон аз вабо дар Сурияро тасдиқ карданд, — гуфтааст, котиби матбуоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт Кристиан Линдмайер дар нишасти хабарӣ.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт иттилоъ дар мавриди эҳтимоли вуҷуди вабо дар Сурияро дастрас кард. Ин ҳолат марбут ба кӯдаки 5-сола мебошад, ки бар асари вабо ҷон додааст.

"Санҷишҳои аввалия, ки 100% дуруст будани он кафолат дода намешавад, вуҷуди ин гуна вирусро нишон дод. Вале ҳоло бояд амиқтар таҳқиқ кард. Ин ҳолат дар шаҳри Ҳалб, воқеъ дар шимоли Сурия ба қайд гирифта шудааст", — афзудааст, ӯ.

Линдмайер илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони соҳа дар Ҳалб таҳқиқи омилҳои гирифтории ин бемориро шуруъ кардаанд.

Барчаспҳо:
СҶБ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, 5-сола, вабо, кӯдак, Сурия, ошкори вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ