21:59 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Франсуа Олланд. Акс аз бойгонӣ

Олланд бо ДИИШ ҷанг эълон кард

© Sputnik /
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)
8 0 0

Ҳавопаймоҳои низомии Фронса дар пайи ҳамлаҳои хунини 13 ноябри Порис бомбборон кардани мавзеъҳои созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро дар хоки Сурия оғоз кардаанд.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд рӯзи душанбе дар вохурӣ бо конгресс хостори ташкили як эътилофи ҷаҳонӣ ва нобуд сохтани созмони террористии ДИИШ шудааст.

Ӯ инчунин хостааст, Шӯрои амнияти СММ барои мубориза бо терроризм баргузор шуда, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Фаронса ва қабули як қатор қонунҳо амнияти кишвараш таҳким бахшида шавад.

"Фаронса дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Ҳамлаҳои 13 ноябр дар Порис бозгӯи ин мебошанд. Ин ҳамла ба кишвари мо, арзишҳои мо, ҷавонон ва зиндагии мо буд", — афзудааст Олланд.

Раисҷумҳури Фаронса таъкид кардааст, ки ҷангро дар кишвараш ДИИШ эълон кардааст, ки барои таъмини сокинони кишварҳои дигар на танҳо ба он фишор овард, балки бояд ин созмонро нобуд сохт. Чун ба назари ӯ, ДИИШ ба тамоми аҳолии сайёра хатар дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нобуд сохтани ДИИШ вазифаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. "Аз ин рӯ, дар робита ба ин масъала ман даъват мекунам, ки Шӯрои амнияти СММ барои қабули қарори дастгирии хоҳиши умумӣ барои мубориза бо терроризм ҳарчи зудтар баргузор карда шавад", — афзудааст ӯ.

Эмомали Рахмон. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Раисҷумҳури Фаронса дар идома зикр кардааст, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар аллакай амалиёти худ дар Сурияро шуруъ карда, марказҳои асосии ДИИШ-ро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Ҳавопаймоҳои низомии Фронса дар пайи ҳамлаҳои хунини 13 ноябри Порис бомбборон кардани мавзеъҳои созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро дар хоки Сурия оғоз кардаанд.

Ба қавли масъули баландпояи Вазорати дифои Фаронса, то субҳи 15 ноябр ҳавопаймоҳи ҷангии ин ниҳод 20 бом ба минтақаҳои таҳти идораи ДИИШ дар шаҳри Раққаҳи Сурия партофтаанд, ки анбори аслиҳа ва як тамрингоҳи ин созмони террористиро нобуд кардаанд.

Шаби 13 ба 14 ноябри соли равон дар умум дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса таркишу тирпарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

Мавзуҳо:
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)
Барчаспҳо:
сарқонун, Франсуа, Олланд, Порис, Эмомалӣ, Раҳмон, Фаронса, ДИИШ, тағйирот, ҳамла, ҳаводиси Порис, ДИ, Давлати исломӣ, ДИИШ, СММ, Франсуа Олланд, Эмомалӣ Раҳмон, Порис, Фаронса, Ироқ, Сурия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ