ВАО: пулиси Маскав тифли тоҷикро аз модараш ҷудо кард

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПулис риояи қонуни муҳоҷиратро тафтиш дорад
Пулис риояи қонуни муҳоҷиратро тафтиш дорад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин бори аввал нест, ки кормандони пулиси Русия тифли тоҷикро аз модар ҷудо мекунанд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Маскав дар доираи амалиёти "Бесаробон" як навраси тоҷикро аз модар ҷудо кардаанд, менависанд расонаҳои Русия.

"Кӯдаки 14-солаи тоҷик замоне боздошт шудааст, ки ҳамроҳи модараш дар яке аз кучаҳои пойтахти Русия қадам мезад", — гуфтааст раиси Маркази мутобиқшавии кӯдакони гурезаҳои Русия Олга Николаенко.

Хонавода нусхаи тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба ҷуз нусхаи аслии шаҳодатномаро бо худ доштанд. Аз ин рӯ, ин наврас барои ташхис ба беморхона интиқол дода шуда, қарор аст, баъд аз он ба хонаи кӯдакон супурда шавад.

Шӯрои ФР қазияи Умаралиро таҳти назорат мегирад

То ҳол мақомоти пулиси шаҳри Маскав ин қазияро расман шарҳ надодаанд.

Рӯзи 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар Русия боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралиро, ки ба парасторӣ ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусова ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.

Дар робита ба марги Умаралии 5-моҳа ҳамоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Ню-Йорк баргузор карда шуд, ки иштирокдорон таҳқиқоти ошкоро ва мунсифонаи ҳодисаро аз мақомоти рус талаб карданд.

Лентаи хабарҳо
0