06:16 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мусофиронро аз фурудгоҳи Брюссел ба берун мебароранд

Фурудгоҳи Брюссел моҳи июн ба кор медарояд

© AFP/ FRED UREEL
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Фурудгоҳи Брюссел, ки бар асари инфиҷор хароб шуда буд, қисман ба кор медарояд, аммо ба сурати комил фаъолияташро дар моҳи июн аз сар хоҳад гирифт. Ҳукумати кишвар фурудгоҳро аз назар гузаронида омода будани онро эълон мекунад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Директори кулли фурудгоҳ Арно Фейст мегӯяд, ҳамаи кормандони пулис корпартоӣ карда, талаб  доштанд, ки куллияи пешвозгирандагон тафтиш карда шаванд ва автомошинаҳоро дар масофаи 100 метр дуртар гузоранд.

"Оё мо метавонем амнияти мусофиронро, ки   берун аз фурудгоҳ дар навбат меистанд, кафолат диҳем. Хатар нест "- иттилоъ медиҳад РИА Новости аз мусоҳибаи Фейст бо Radio 1.

Агар бо мақомоти пулис созишнома ба имзо расад, пас ба ширкатҳо чанд вақти дигар барои ташкили кор дар шароити нав лозим мешавад. Ва тадриҷан иқтидори фурудгоҳ ба 20 % хоҳад расид.

Бо зарфияти комил ба кор даромадани фурудгоҳ ҳоло маълум нест.

"Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то  моҳи июн фурудгоҳ омода шавад. Дар айни замон асосаш ин фаъолият кардани фурудгоҳ ва таъмини амният аст", —гуфт роҳбари бандари ҳавоӣ.

Ду инфиҷор дар фурудгоҳи байналмиллалии Брюссел субҳи 22 март ба вуқӯъ пайваст. Таркиши сеюм баъдтар дар истгоҳи "Малбек" дар метро рух дод. Бар асари  таркиш, ки аз ҷониби се террористи худкуш ба амал омада буд, 28 нафар ба ҳалокат расида, 340 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

 

Мавзуъ

ИА аз Брюссел ҷонибдорӣ мекунад- парчами Белгия дар саросари Аврупо
Барчаспҳо:
кор медарояд, фаъолият, барқарорсозӣ, таъмир, фурудгоҳи байналмиллалии Брюссел, Radio 1, Арно Фейст, Белгия, Брюссел

Мавзӯъҳои асосӣ