Дар Душанбе Ҷаласаи Форуми XI-уми СҲШ баргузор шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМулоқоти роҳбарони олимақоми созмонҳои СҲШ, ИДМ, ИИАО ва СПАД. Акс аз бойгонӣ
Мулоқоти роҳбарони олимақоми созмонҳои СҲШ, ИДМ, ИИАО ва СПАД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маврид ба ёдоварист, ҷаласаҳои СҲШ ҳамасола дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, соли 2010 низ иштирокдорони он дар Душанбе гирдиҳам омада буданд.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Форуми XI-уми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои узви сохтори СҲШ иштирок мекунанд.

Рамзи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст

Ба иттилоъи расонаҳо, дар маросими ифтитоҳи Форум ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ номаи шодбошии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ин ҳамоиш қироат намуд.

Дар кори Форум, ки то фардо,  29 апрел идома меёбад, 120 нафар намояндагону коршиносони 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишарҳои узви СҲШ, ИДМ, СПАД ва ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Форуми СҲШ, ки намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмиро муттаҳид месозад, бояд ба як гуна механизми вижаи ғайриҳукуматии Созмон табдил ёбад. Ин як майдони қулай барои муколамаву табодули андеша ва пешниҳоди назарҳои гуногун мебошад, ки бешубҳа ба рушди Созмон мусоидат мекунад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҷаласаҳои СҲШ ҳамасола дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд. Соли 2010 низ иштирокдорони он дар Душанбе гирдиҳам омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0