23:57 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҷоизаи ТЭФИ. Акс аз бойгонӣ

Телевизиони “Сафина” соҳиби ҷоизаи "ТЭФИ-Содружество" гардид

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Фестивали телевизионии байналмиллалии "ТЭФИ-Содружество" аз санаи 15-ум то 18-уми сентябр дар Ереван доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони телевизионҳои марказии ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — "Сафина" ба дарёфти ҷоизаи Фестивали  байналмилалии "ТЭФИ-Содружество" дар Ереван ноил гардид, хабар медиҳад ВАО-и маҳаллӣ.

Мақсади фестивал ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои телевизионӣ ва мутахассисони ин соҳаи кишварҳои ИДМ ва хориҷ мебошад.

"Тоҷикистонро дар фестивал ёвари директори шабакаи телевизиони "Сафина" Дилшод Ашӯров ва муовини аввали директори шабакаи телевизиони "Ҷаҳоннамо" Умед Назарзода намояндагӣ карданд, ки барномаҳои иттилоотии шабакаҳои худро ба ҳакамон пешкаш намуданд",-омадааст дар хабар.

Ҳамчунин Саида Ҷумъаева, муовини сардори Раёсати умури байналмилалии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари хадамоти русии барномаҳои иттилоотии Кумита Ҳайдар Каримов дар фестивал навори видеоӣ дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намоиш доданд.

Қайд карда мешавад, ки дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Малдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Украина ширкат карданд. Бояд ёдовар шуд, ки фестивал бори шашум баргузор мешавад.

Ҳамин тавр, имсол дар фестивал 28 намоиш аз 20 ширкатҳои асосии телевизионии 10 кишвари ИДМ ва хориҷ иштирок карданд.

Барчаспҳо:
барномаи "Ахбор", "ТЭФИ-Содружество", соҳиби ҷоиза, "Телевизиони Сафина", ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ