07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Парчами ДИ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: қувваҳои ДИ дар Мосул зиёд гардидаанд

© Фото: Пресс-служба ГУВД
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Қувваҳои Давлати исломӣ ҳоло дар шаҳр хело бисёранд. Қисми зиёди ҷангиёне, ки дар шаҳрҳои Рамади, Тикрит ва Боҷӣ шикаст хӯрдаанд, метавонанд ҳоло дар Мосул бошанд, мегӯяд роҳбари ситоди кулли курдҳо Ҷамил Иминики

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Қисми зиёди ҷангиёни ДИ, ки дар шаҳрҳои Рамади ва Тикрит шикаст хӯрдаанд, метавонанд ҳоло дар шаҳри Мосули давлати Ироқ бошанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Rudaw.

" Ҳоло наметавон дар бораи аҳволи шаҳри Мосул пешгӯӣ намуд. Қувваҳои ДИ дар Мосул хело бисёранд. Қисми зиёди ҷангиёне, ки дар шаҳрҳои Рамади, Тикрит ва Бойҷии Ироқ шикаст хӯрдаанд, метавонанд ҳоло дар шаҳри Мосул бошанд, ба он нигоҳ накарда, ки баъзе аз онҳо метавонистан ба кишвари Сурия паноҳ баранд",- гуфт ба оҷонсӣ роҳбари ситоди кулли курдҳо Ҷамил Иминики ба оҷонсӣ.

Мосул аз ҷиҳати масоҳат дар Ироқ ҷойи дуввумро мегирад. Ин шаҳр аз соли 2014 инҷониб такягоҳи асосии ДИ ба шумор меравад. Ҳарбиёни Ироқ ва ёварони онҳо, аз ҷумла фронти халқӣ вақтҳои охир ба ҳуҷуми муҳим тайёрӣ дида истодаанд. Бегоҳии якшанбе сарвазири Ироқ Ҳайдар Алободӣ дар бораи саршавии амалиёти ҳарбӣ зидди ҷангиёни ДИ дар Мосул эълон намуд.

Барчаспҳо:
Зиёд гардидани ҷангиёд дар Мосул, ДИ, Дар ҷаҳон, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ