07:59 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Асма Ассад, Акс аз бойгонӣ

Ҳамсари президенти Сурия намехоҳад ватанашро тарк кунад

© AFP/ MIGUEL MEDINA
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Асмо Асад нақл кард, ки ба вай имконияти аз кишвар берун шуданро, яъне аз кишвар фирор намуанро доданд ва ин пешниҳодро бо амнияти зан марбут кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.Ҳамсари президенти Сурия Башор Асад- Асмо Асад эълон намуд, ки новобаста аз пешниҳодҳо аз кишвар берун намешавад.

"Ман дар Сурия аз аввал қарор доштам ва ҳеҷ вақт дар бораи кишвари дигаре фикр намекардам. Ман инкор намекунам,ки ба ман борҳо таклифи тарки кивар ва ё худ аз ватан фирор намуданро кардаанд ва ҳатто ваъда додаанд, ки  амнияти ману фарзандонам таъмин намуда,аз ҷиҳати молиявӣ  дастгирӣ мекунанд. Аммо, дарки мақсади онҳо мушкил нест, барояшон ҳеҷ вақт бехатарии ману фарзандонам муҳим набуд",- гуфтааст Асмо Асад дар мусоҳиба ба ширкати телевизионии "Росия-24".

 Зан қайд намуд, ки мақсади онҳо коста намудани боварии одамон ба президенти кишвар буд.

Барчаспҳо:
Пешниҳоди фирор аз кишвар, Асмо Асад, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ