07:59 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Обанбори Норак. Акс аз бойгонӣ

Нерӯгоҳи Норак ба панҷгонаи иншооти ғайриоддии ҷаҳонӣ шомил шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки дар дарёи Вахш бунёд шуда , дорои баландтарин садд (300м) дар ҷаҳон мебошад, дар рӯйхати панҷгонаи иншооти ғайриодии саноатии ҷаҳон ҷой гирифт.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Нерӯгоҳи Норак ба қатори панҷгонаи иншооти беназири саноатии  ҷаҳон дохил шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Чун анъана инсон аз дидани шоҳасарҳои гуногуни меъморӣ ҳаловат мебарад, вале ҳастанд иншоотҳое, ки наонқадар зебоянд, вале касро ба ҳайрат мегузоранд",-омадааст дар хабарнома.

Муаллифони раддабандии  иншооти ғайриоддии саноатӣ Нерӯгоҳи Норакро барои баландтарин садд (300м) сазовори ҷои намоён донистаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки "истгоҳи обанбор низ  ғайриоддӣ аст — дарозиаш 70 километр, майдони рӯи об 98 метри мураббаъ, ҳаҷми он 10,5 километри мукааб мебошад. Мутаассифона баъди хориҷ шудани Тоҷикистон аз низоми энергетикии Осиёи Марказӣ (соли 2009) на ҳамаи иқтидори об ба пуррагӣ истифода мешавад".

Ба рӯйхати рейтинг ҳамчунин иншоотҳои зерин дохил шуданд: Statfjord-B дар баҳри шимолӣ, корхонаи истеҳсоли гази Troll A, бинои NASA Vehicle Assembly Building  дар иёлоти Флоридаи ИМА ва Meyer Werft-и Олмон дохил шудаанд.

НБО Норак — нерӯгоҳест, ки дар наздикии шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Дар нерӯгоҳ яке аз баландтарин сарбандҳои ҷаҳон бо баландии 300 метр сохта шудааст. Иқтидори он: 3000 МВт мебошад. Барқистеҳсолкунии миёнаи солонааш: 10700 ГВтч (дар солҳои 2007-2013). Аз нӯҳ агрегатҳое, ки ҳоло дар НБО мавҷуд аст аввалинаш соли 1972 ва охиронаш соли 1979 ба истифода дода шуда буд.

Мавзуъ

НБО Роғун: Аз нишондодҳо то ба далелҳо
ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад
Барчаспҳо:
панҷгонаи беҳтарин, иншооти ғайриоддӣ, НБО-и Норак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ