19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Машинаи ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Ба амал омадани таркиши навбатӣ дар Туркия

© Sputnik Табылды Кадырбеков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар назди бинои губернатори яке аз вилоятҳои Туркия як мошини минадор таркид. Ба ҷойи ҳодиса якчанд гурӯҳи ёрии таъҷилӣ ҳозир шуданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.Дар бинои идораи губернатори вилояти Аданаи Туркия, дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ  таркиш ба амал омад.

Дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, таркиш ба воситаи автомашинае ба амал омад, ки бо бомба муҷаҳҳаз гардонида шуда буд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ширкати телевизионии NTV.

Қайд карда мешавад, ки яке аз ҷароҳатбардоштагон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тибқи маълумотҳо дар натиҷаи таркиш губернатор зарар надидааст. Ба ҷойи ҳодиса якчанд гурӯҳи ёрии таъҷилӣ омада расиданд.

Пештар низ ба воситаи автомобил аъзоёни ҳизби дар Туркия мамнӯи Коргарони Курдистон якчанд таркиш ба амал оварда буданд.

Барчаспҳо:
таркиш, губернатор, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ