01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҷинелла Масса рӯзноманигори ҳиҷобпӯш дар Канада. Акс аз бойгонӣ

Дар Канада аввалин журналисти ҳиҷобпӯш тариқи телевизион баромад кард

© Фото: MuslimGirl
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Масса аз соли 2010 инҷониб ба сифати рӯзноманигор фаъолият мекунад ва шурӯъ аз соли 2015 хабарнигори радио аст. Одатан ӯ дар бораи зиндагии мусулмонони муқими Амрико барнома омода мекунад. Акнун ӯ ровии барномаи телевизионӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Канада аввалин зани ҳиҷобпӯш дар экрани телевизионӣ пайдо шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Номи рӯзноманигор Ҷинелла Масса аст. Ӯ аввалин нафарест, ки бо ҳиҷоб тариқи пахши мустақим дар шабакаи телевизионии Торонто CityNews иҷозаи баромад карданро гирифтааст.

Дар бораи хабари хуш Ҷанелла дар саҳифаи  Facebook-и худ навиштааст: "Ташаккури зиёд барои чунин имконият, махсусан замоне, ки муносибати дунёи муосир ба мусулмонон мусбат аст. Замони пешро ба хотир оварда акнун ман дарк мекунам,  духтароне, ки мисли ман ҳастанд, барои ба мақсад расидан ягон монеъ надоранд!".

Масса аз соли 2010 инҷониб ба сифати рӯзноманигор фаъолият мекунад ва  шурӯъ аз соли 2015  хабарнигори радио аст. Одатан ӯ дар бораи зиндагии мусулмонони муқими Амрико барнома омода мекунад. Акнун ӯ ровии барномаи телевизионӣ шуд

"Бароям хуш аст, вақте дар кӯча маро мешиносанд. Ман дер боз инро интизор будам",-гуфт рӯзноманигор.

Ба қавли нашриёт Ҷинелла журналисти боистеъдод аст. Ӯ қаблан дар шабакаҳои телевизионӣ аз қабили CityNews, CTV, Newstalk 1010 и Rogers Television фаъолият кардааст.

Мавзуъ

Ҳиҷоб: воситаи пӯшонидани нуқсонҳо на пӯшонидани ҷисми инсон
Президенти Қирғизистон мухолифи ҳиҷоб дар мактабҳо аст
Барчаспҳо:
дар барномаи мустақим, рӯзноманигори ҳиҷобпӯш, CityNews, Ҷинелла Масса, Канада

Мавзӯъҳои асосӣ