Дар Испания аз дохили пойпӯши занона 180 ҳзр. евро ёфтанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкПулҳои евро, акс аз бойгонӣ
Пулҳои евро, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи шаҳри Мадрид Барахас, ки дар бағоҷи вай якчанд пойпӯшии занона мавҷуд буд ва дохили он пулҳо ҷой дода шуда буданд, ки маблағи умумии он 180 ҳзр евраро ташкил намуд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.Кормандони пулиси Испания дар фурудгоҳи шаҳри Мадрид Барахас занеро дастгир намуданд, хабар медиҳанд аз Пулиси миллии кишвар.

Дар бағоҷи ӯ якчанд пойпӯшҳои занона пинҳон карда шуда буданд, ки аз дохили он дар умум 180 ҳзр. евро дарёфт гардид.

Мувофиқи маълумоти хадамоти ҳифзи ҳуқуқ ин пулҳо, эҳтимолан аз гардиши маводи мухаддир ба даст оварда шудаанд.

Зани дастгиршуда аз Брюссел ба Меделин сафар мекард, ки тайёрааш дар Мадрид таваққуф дошт, хабар доданд аз Полиси миллӣ.

Гумрукчиён бо шубҳа бағоҷи занро тафтиш намуда, маблағҳоро дарёфт намуданд.

Лентаи хабарҳо
0