01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Мактуби тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба бародари Фидел Кастро

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон ба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуда,дар  вафоти бародараш пешвои Куба изҳори ҳамдардӣ намуд, менависад манбаъ.

"Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздиконатон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Куба таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям",- омадааст дар мактуби президент.

Хотиррсон мекунем, ки Пешвои инқилобии Куба Фидел Кастро рӯзи ҷумъаи гузашта вафот кард, дар ин бора бародараш Руил Кастро дар телевизиони давлатӣ эълон намуд.

Фидел Кастро инқилобчии кубагӣ, санаи 13-уми августи соли 1926 таваллуд шудааст. Аз моҳи декабри соли 1976 то соли 2006-ум Раиси Шӯрои давлатӣ ва вазирони Куба ва   фармондеҳи  Қувваҳои мусаллаҳи ва раиси Шӯрои мудофиаи миллии кишвар ба ҳисоб мерафт.

Дар натиҷаи бад шудани саломатиаш вай моҳи июли соли 2006вазифа ва ваколатҳои раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони кишварро ба бародараш Раул Кастро супорид.

Барчаспҳо:
барқияи тасаллият, Фидел Кастро Рус, Эмомалӣ Раҳмон, Куба, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ