14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаи таълимӣ. Акс аз бойгонӣ

Ба зани ҳиҷобпӯш дар Олмон иҷозаи кор дар кӯдакистон дода шуд

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Мураббияи яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Баден-Вюртемберги Олмон ҳуқуқи пӯшидани ҳиҷобро дар ҷойи кор, ҳамчун нишонаи ифодаи эътиқоди худ ба дини ислом, ба даст овард

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Суди федеролии Олмон қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷобро дар ҷои кор бекор карда, қайд намуд, ки агар мураббия таълимоти динии худро миёни кӯдакон паҳн накунад, ҳуқуқи озодии эътиқоди ӯ дахлнопазир мемонад

"Рӯймол-ҳамчун нишонаи мансубият ба дини ислом дар Олмон маъмулан дучор мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки қаблан корфармо мураббияро дар бораи манъ будани истифодаи ҳиҷоб дар шаҳри Баден-Вюртемберги Олмон огоҳ карда будааст. Зани ҳиҷобпӯш, ки зодаи Туркия аст, ба суди федеролии кишвар шикоят кардааст. Додгоҳ қарор дар бораи худогоҳона ва ба муддати дароз пӯшидани ҳиҷоб ҳукм баровард.

Дар охир додгоҳ ин қарори худро бекор карда, қайд намуд, ки агар мураббия таълимоти динии худро миёни кӯдакон паҳн накунад, ҳуқуқи эътиқоди ӯ дахлнопазир мемонад.

Мавзуъ

Ҳиҷоб: воситаи пӯшонидани нуқсонҳо на пӯшонидани ҷисми инсон
Алайҳи “иҷозатнома”-и ришу ҳиҷоб парванда боз шуд

Мавзӯъҳои асосӣ