14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Президенти ИМА Доналд Трамп

Дили Доналд Трамп ба 6 триллион доллари Амрико “месӯзад”

© REUTERS/ William Philpott
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12501

Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки бояд буҷҷаи давлатро на ба ширкатҳои ҳарбии хориҷӣ, балки барои барқарор намудани кишвар бояд сарф намуд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки роҳбарияти Қасри сафед  самти сиёсати хориҷии кишварро дигар мекунад.

Ба гуфтаи вай, ӯ намехоҳад дар сиёсат роҳи ҳамкорони пешини худро- сарнагункунии низоми ҳукуматии дигар кишварҳоро давом диҳад.

"Мо низомҳои кишварҳои дигар ва ҳукуматҳоро сарнагун карданӣ нестем. Маблағи сарфшудаи 6 триллион долларро ба Шарқи наздик дар ёд доред? Мақсади мо- субот аст, на бетартибӣ. Барои ҳамин ҳам мо мехоҳем кишвари худро барқарор кунем- вақташ омадааст ",- менависад РИА Новостии аз суханони Трамп.

Ҳамин тавр, Трамп суханони пешазинтихоботии худро такрор кард, ки дар он ба 6 триллион доллари сарфкардаи ИМА дар ҷангҳои Шарқи Наздиқ, ибрози назар намуд.

Ғайр аз ин Доналд Трамп эълон дошт, ки дар ҳамкори бо ҳама кишварҳо  ва мубориза бо исломи радикалӣ тайёр аст.

"Мо ба ДИ(гурӯҳи мамнӯъ дар ИМА ва Тоҷикистон) ғолиб меоем. Дар айни замон самти сиёсати хориҷии навро пешниҳод мекунем. Мо ба сарнагун кардани низомҳо хотима мебахшем. Барои ҳамкорӣ бо ҳама давлатҳое тайёр мебошем, ки  дар мубориза бо исломи радикалӣ  ва ДИ ба мо кӯмак мерасонад",- қайд намуд сиёсатмадор.

Ёдовар мешавем, ки номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп  санаи 8-уми ноябр дар интихоботи президентии ИМА ғолиб омад. Президенти интихобгардида санаи 20-уми январ баъди маросими расмӣ ба сари ҳукумат меояд.

Барчаспҳо:
сиёсати хориҷӣ, Қасри сафед, Доналд Трамп, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ