03:26 01 майи 2017
Пахши мустақим
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Трамп мехоҳад дар инаугуратсияаш мардуми оддиро бубинад

© Sputnik / Алексей Филиппов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Трамп дар интихоботи президентии ИМА Хиллари Клинтонро мағлуб кард. Ғолибияти ӯро аксари ситораҳои кишвар дастгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Инаугуратсияи президенти навинтихоби Амрико Доналд Трамп 20-уми январи соли 2017 баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ мувофиқи изҳороти худи Трамп на ситораҳо, балки мардуми оддӣ иштирок мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҳамин тавр ситораҳои рӯйхати "А" мехоҳанд барои иштирок дар инаугуратсияи ман чипта ба даст оранд, вале бубинед, ки онҳо барои Хилларӣ чӣ карданд, ягон чиз. Ман одамонро мехоҳам",-навиштааст Трамп дар саҳифаи Twitter-и худ.

Бо ҳамин роҳ Трамп хост ишора кунад, ки аксари ситораҳое, ки ҳоло гирди ӯ ҷамъ омадаанд, қаблан пеш аз интихобот рақиби ӯ аз ҳизби демократӣ-Хиллари Клинтонро дастгирӣ мекарданд.

Трам дар интихоботи президентӣ, ки санаи 8-уми декабри соли равон баргузор гардид, бо гирифтани бештари овозҳо президенти Амрико интихоб гардид.

Мавзуъ

Дили Доналд Трамп ба 6 триллион доллари Амрико “месӯзад”
Як миллион доллар: нархи ҳифзи Трамп ва оилааш дар як рӯз
Барчаспҳо:
мардуми оддӣ, инаугуратсия, ситораҳо, Доналд Трамп, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ