17:13 24 марти 2017
Пахши мустақим
Кремл, акс аз бойгонӣ

Stratfor: нуфузи Русия дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон зиёд мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Ба зиёд гардидани нуфузи Русия ихтилофотҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо ва интихоби Доналд Трамп ба ҳайси президент боис мегарданд

ДУШАНБЕ, 27 дек — SputnikСоли оянда  нуфузи Русия дар Евразия зиёдтар мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии аналитикии Амрико Stratfor.

Тадқиқодчиён бар онанд, ки "тарқишҳои фронти ягонаи зиддирусиягии Ғарб"  боиси зиёд шудани нуфузи Русия мешаванд.

Баъд аз натиҷаҳои овоздиҳӣ оид ба Brexit ихтилофотҳои калони дохилии Иттиҳоди Аврупо муайян гардид, ғолибияти Доналд Трапм бошад метавонад боиси дигаргун гаштани муносибатҳои сиёсии Русияву ИМА шавад.

Интихоботҳои навбатӣ  дар соли 2017 дар Фаронса, Нидерландия, Олмон ва Итолиё метавонанд танҳо ихтилофоти Иттиҳоди Аврупоро зиёдтар кунанд, қайд мекунад Stratfor.

Ҳамаи ин тағийротҳо, ба ақидаи коршиносон,  имконият медиҳанд, ки Русия дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нуфузи хешро зиёдтар кунад. Аз ин ҷо,  ҷумҳуриҳои Украина, Молдова ва Гурҷистон метавонанд муносибатҳои худро бо Русия беҳтар гардонанд.

Коршиносон ҳамчунин пегшгӯӣ мекунанд, ки муносибатҳои Русия бо Озарбойҷон ва Ӯзбекаистон беҳтар мешавад  ва нақши Маскавро дар муносибатҳо бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мегардад. Интизор меравад, ки Русия бо ҳамкорони стратегиаш- Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон низ муносибаташро густурдатар мекунад.Дар айни замон фаъолияти  ЕврАзЭс ва СААД васеъ мешавад.

Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои гирифтани таҳримҳо нисбати Русия муқовимат нишон медиҳанд,  Маскав барои рушди муносибатҳои кишвар бо Ғарбро дар соли 2017 имконияти фароҳам дорад, меорад дар охир Stratfor.

Барчаспҳо:
зиёд гардидани нуфузи Русия, ЕврАзЭс, СААД, ҷаҳон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ