00:39 26 марти 2017
Пахши мустақим
Полис назди клуби  Reina дар Стамбул

Туркия исми гумонбаршавандаи ӯзбекро дар теракти клуби шабона номбар кард

© REUTERS/ HUSEYIN ALDEMIR / Reuters
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Мувофиқи маълумоти ВКД Туркия дар ташкили инфиҷор дар клуби шабона шаҳрванди Ӯзбакистон Абдулғадир Машарипов гумонбар дониста мешавад, ки бо лақаби Абӯмуҳаммад Хорасан машҳур аст

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Полиси Трукия, ки амали террористиро дар клуби шабонаи Reina дар маркази шаҳри Стамбул тафтиш мекунад, ном ва насаби гумонбари асосии инфиҷорро аниқ намуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи Sabah.
Мувофиқи маълумоти манбаъ дар ташкил намудани инфиҷор зодаи Ӯзбакистон Абдулғадир Хорасан гумонбар доиста мешавад. Пеш аз ин ВКД Туркия эълон намуда буд, ки шахсияти ҷинояткорро муайян кардааст, аммо исми ӯро номбар накарда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар  маркази дилхушии шабонаи Reina шаби соли нав теракт ба амал омад.Террорист бо истифода аз яроқи оташфишон ба посбони клуб ҳамла овард ва ба дохил ворид гардида, 7 дақиқа оташпарронӣ намуд. Баъд аз он мард ба кӯча баромада ба таксӣ нишаста аз ҷийи ҳодиса ғайб зад.

Мувофиқи маълумоти ВКД Туркия дар ин фоҷиа 39 нафар кушта шуданд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштад. Чуноне ки Консулгароии ФР дар Туркия хабар дод, дар теракт шаҳрванди ФР низ вафот кардааст. Ҳамчунин дар дохили қурбониён шаҳрвандони Қувейт, Канада, Исроил, Сурия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ливия ва Лубнон буданд.

Масъулияти ин террорро "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.

Полиси Туркия натавонист ҷанояткорро дастгир кунад.

Пештар ВКД Туркия шаҳрванди Ӯзбакистон ва ё Қирғизистонро, ки бо "Давлати исломӣ"  робита дорад, гумонбар дониста буд.

Барчаспҳо:
клуби шабона, теракт, ВКд, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ