18:52 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Дуо, акс аз бойгонӣ

Намози президент ба хотири борон

© Flickr/ mrehan
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Имомҳо ба ҳозирон чӣ гуна барои борон дуо карданро фаҳмониданд. Президенти кишвар дар Масҷиди калони Шайх Зиёд Абудабӣ якҷоя бо шаҳрвандон намоз гузошт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Дар Аморати муттаҳидаи Араб бо даъвати президент Шайх Халифа ибни Алнаҳаяна дар ҳамаи масҷидҳои кишвар барои борон намоз гузоштанд, хабар медиҳад нашрияи The National.

Мувофиқи маълумоти расона, хоҷагидорони маҳаллӣ аз норасоии об шикоят мекунанд, ки дар натиҷа наметавонанд ба заминҳои худ кишт кунанд. Ба гуфтаи хоҷагидорон сабаби хушкии имсола гармшавии глобалӣ мебошад. Қайд карда мешавад, ки дар умум дар соли гузашта нисбат ба соли 2015 камтар борон боридааст.

Намоизи умумӣ дар  тамоми масҷидҳо аз соати 09:30 то 08:15(бо вақти Душанбе-идора) хонда шуд.

Барчаспҳо:
дуо, намоз, борон, АМА

Мавзӯъҳои асосӣ