10:50 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Президенти Белорус Александр Лукашенко, акс аз бойгонӣ

Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ӯзбакистон меравад

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Ҳамагӣ баъд аз се моҳи сафар ба кишвар президенти Белорусия бори дигар ба ба Ӯзбакистон сафари расмӣ ба нақша гирифтааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Президенти Белорус Александр Лукашенко мехоҳад бо сафари расмӣ ба Ӯзбакистон ташриф орад, хабар медиҳад сомонаи Tut.by. Сафари Лукашенко ба моҳи феврал ба нақша гирифта шуд. Ҳоло барномаи сафари расмӣ омода мегардад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Белорус ба наздикӣ ба Ӯзбакистон ташриф оварда буд.  Моҳи октябри соли 2016  Лукашенко аз Покистон баргашта, ба Ӯзбакистон рафта буд. Дар рафти сафар вай ба қабри собиқ раисҷумҳури Ӯзбакистон гулчамбар гузошта ба ҳамсари Ислом Каримов ҳамадардӣ баён намуд.

Ҳамин тавр Лукашенко бо иҷрокунандаи вазифаи президентии онвақта Шавкат Мирзиёев вохӯрии корӣ доир намуд.

Аввалҳои моҳи декабр президенти Белорус ба Мирзиёев барои ғолибия дар интихоботи президентӣ мактуби шодбошӣ равон намуд.

Дар тӯли моҳҳои январ то сентябри соли 2016 гардиши мол байни Ӯзбакистон ва Белорус 43,4 миллион долларро ташкил намуд. Қисми зиёди содироти Белорус ба Ӯзбакистон ба воситаи кишвари сеюм ворид мешавад.

Барчаспҳо:
сафари корӣ, Шавкат Мирзиёев, Лукашенко, Белорус, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ