11:39 27 марти 2017
Пахши мустақим
Дар дарси шиноварӣ, акс аз бойгонӣ

Суди Аврупо аризаи волидони мусалмонро рад кард

© AP/ Seth Wenig
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Иштироки духтарон дар дарсҳои шиноварии якҷоя бо писарон ҳуқуқи онҳоро доир ба озодии дин вайрон намекунад, омадааст дар баёнияи Суди Аврупо

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба духтарони мусулмон иҷозат надод, ки ба дарси омӯзиши шиноварии омехта иштирок накунанд.

Омадани духтарони мусулмон ба дарсҳои шиноварӣ якҷоя ба писарон ҳуқуқи онҳоро оид ба озодии дин вайрон намекунад, омадааст дар баёнияи Суди Аврупо хабар медиҳад РИА Нововсти.

Мувофиқи қарори суд, волидони духтарон ҳуқуқ надоранд, ки иштироки фарзандонашонро  дар дарсҳои шиноварӣ манъ кунанд. Ин ҷавоби суди Аврупо ба волидони ду мусулмондухтар буд, ки онҳо нисбати ҳукумати шаҳри Базели Шветсария бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда буданд.  Волидон пештар ба ҳукумат низ муроҷиат намуданд, ки духтарони онҳоро аз сабаби эътиқоди  динӣ аз дарсҳои шиноварӣ озод кунад. Суд иқдоми ҳукуматро дар бораи ҳатмӣ будани омадани хонандагон ба дарсҳои шиноварӣ ҷонибдорӣ намуд.

Соли гузашта ҳукумати Базел аз сабаби иштирок накардан ба дарсҳои шиноварӣ ба ду духтари мусулмон шиноснома надоданд. Онҳо духтарони 12 ва 14-сола буданд, ки  мехостад шаҳрвандии Шветсарияро ба даст оваранд.

Дарси шиноварӣ дар мактабҳои шаҳри Базели Шветсария ҳатмӣ мебошад. Суди Шветсария бари чандум аст, ки ба аризаҳои  оилаҳои мусалмон дар бораи иштирок накардан дар дарсҳои шиноварӣ, вобаста ба эътиқоди динӣ рад мекунад. Суд интегратсияи шаҳрвандонро аз дин афзалиятноктар мешудморад. Ҳукумати Базел ба волидони "аризанавис" ҷарима бастааст.

Барчаспҳо:
ариза, мусулмон, шиноварӣ, Суди Аврупо, Шветсария

Мавзӯъҳои асосӣ