23:53 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ

Террористи узбек дар Туркия дастгир шуд

© REUTERS/ Osman Orsal
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5310

Террористе, ки дар Соли нав ба клуби шабонаи Туркия ҳамла кард ва се рӯзи охир дар хонаи ҳаммаслакаш аз Қирғизистон паноҳ мебурд, аз ҷониби кормандони пулиси Туркия дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия шаҳрванди Узбакистонро, бо гумони даст доштан ба ҳамлаи террористӣ дар шаби Соли нав дасгир намуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи NTV.

Амалиёти вижа оиди боздошти террористи узбек Абдулқодир Машарипов дар ноҳияи Эсенюрти Истамбул шоми дирӯз баргузор карда шуд.

Қайд мешавад, ки дар давоми се рӯзи охир Машарипов дар хонаи ҳаммаслакаш аз Қирғизистон паноҳ мебурд.

Дар шаҳри Истамбул шаби 1-январ, Машарипов, ки ҳамчунин бо лақаби Абу Муҳаммади Хуросонӣ машҳур аст, дар клуби шабона ба сӯи мардум оташ кушод. Ҳамлагари узбек бо тапонча аввал посбони клубро ба ҳалокат расонида, сипас ба дохили бино ворид шуд ва ба сӯи мардум оташ кушод.

Тирпарронӣ қариб ҳафт дақиқа идома кард, баъди ин террорист ба сӯи ошхонаи клуб паноҳ бурда, либосҳояшро иваз кард ва ғайб зад.

Мувофиқи маълумоти ВКД Туркия дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба  ҳалокат расида, наздики 70 кас захмӣ шуданд. Дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия, Қувайт, Канада, Исроил, Сурия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ливан ва Ливия низ қарор доштанд.

Ҷавобгарии ҷиноиро гурӯҳи ҷиноятпешаи "Давлати Исломӣ" бар ӯҳда гирифт.

Мавзуъ

Нашри акси гумонбар дар ҳамлаи террористии Истамбул
Барчаспҳо:
шаби Соли нав, дастгир шудани террорист, ҳамлаи террористӣ, Абдулқодир Машарипов, Узбакистон, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ