00:51 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Сайёҳони хориҷӣ дар қӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Берлин ҷаҳонгард меҷӯянд

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
24232

Ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон зебоиҳои кишварро дар намоишгоҳи ITB-Берлин муаррифӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Беш аз 17 ширкати ҷаҳонгардии тоҷикӣ тавонмандиҳои худ ва диданиҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байнулмиллалии "ITB-Берлин" ба боздидкунандагон пешниҳод карданд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон, намоишгоҳи "ITB-Берлин" (Internationale Tourismus-Börse Berlin) аз 8 то 12 март бо ширкати бунгоҳҳои гардишгарӣ аз кишварҳои масири Роҳи Абрешим баргузор шуд.

Диданиҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ 17 ширкат, аз он ҷумла, "Ассотсиатсияи Сайёҳии Эко-Фарҳангии Помир" "Боми Ҷаҳон Тур", "Ором саёҳат", "Кӯҳандиз", "Саёҳатҳои кӯҳии Помир", "Диана ва Т", "Помир Сафарӣ", "Скай Тур", "Морхӯр", "Тоҷикистон Тревел", "Тоҷик Тур", "Ҷавоҳир", "Ориент Адвентур", "Зарафшон Маҷестик Трэйвел", "Виркан-сайр", "Сари Хосор Тревел" "Маҷмааи кӯҳию лижаронии Сафеддара", муъаррифӣ карданд.

Тоҷикистон даҳ сол боз дар намоишгоҳи байнулмиллалии ҷаҳонгардии "ITB-Берлин" ширкат мекунад.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Тиҷорат, сайёҳӣ ва маориф: сафари кории сафири ҶТ дар ФР ба Новосибирск
Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз озод мешаванд
Барчаспҳо:
гардишгарӣ, ҷаҳонгардӣ, муаррифии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Берлин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ